Мирзиёев гуфт, тавлиди барқро дар Узбекистон 50% зиёд мекунанд

Хадамоти матбуотии президенти Узбекистон иттилоъ дод, ки раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев дар ҷаласаи 27-уми феврал дастур додааст, дар соли 2023 дар минтақаҳои ин кишвар 18 нерӯгоҳи барқи офтобӣ бунёд ва тавлиди нерӯи барқ 50 дарсад афзоиш дода шавад.

Ба гуфтаи Мирзиёев, давоми се соли охир ба бахши энергетикии Узбекистон сармояҳои бевосита дар ҳаҷми 8 миллиард доллари амрикоӣ равона карда шудаанд.

Ҳамчунин қарор аст, дар асоси фармони Мирзиёев аз 16 феврали имсол дар бораи таҷдиди манбаъҳои энержӣ дар иншооти иҷтимоӣ, корхона ва хонаҳои сокинон батареяҳои офтобӣ бо иқтидори 1700 МВт насб карда шавад.

Президенти Узбекистон 1-уми феврал дар мулоқот бо сокинони Андиҷон хоста буд, то лоиҳаҳои бузург дар бахши бунёди неругоҳҳои барқии офтобӣ ва шамолӣ ҳарчи зудтар иҷро шаванд. Он замон гуфта шуд, ки имсол дар ноҳияҳои Поп ва Фарғонаи Узбекистон ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 600 МВт бунёд карда мешавад.