Як гуруҳ аз мутахассисон санҷиши биноҳои навбунёду баландошёнаро дар Душанбе ва ду шаҳри дигари Тоҷикистон сар кардаанд, ки оё ба заминларза тобоваранд ё не. Санҷиш то нимаи моҳи март идома хоҳад кард. Кумисюнро пас аз заминларзаи харобиовар дар Туркия таъсис доданд.
"Устувории биноҳоро месанҷанд"
Масъулони Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон гуфтанд, санҷишро дар бино ва иншооте мегузаронанд, ки дар солҳои 2018-2022 сохта шуда, кумисюни давлатӣ тасдиқ кардааст.
Абдураҳмон Каримзода, муовини раиси Кумитаи сохтмон ва меъморӣ, рӯзи 27-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар ошёнаҳои аввал, дувум ва ҳатто сеюми бисёре аз биноҳои баландошёна мағоза ва марказҳои маишӣ пешбинӣ шудааст. Устувории биноҳоро гуруҳи корӣ дида мебарояд, ки ягон дигаргунӣ шудааст ё не.”
Мақомот рад намекунанд, ки тасмим дар пайи заминларзаи нерӯманд дар Туркия ва Сурия, гирифта шуд. Дар он ҳодиса дар рӯзи 6-уми феврали имсол садҳо бино фурӯ рехт ва ҳазорҳо кас қурбон шуд.
Қаблан раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории Тоҷикистон гуфта буд, ки биноҳо дар кишвар ба зилзилаҳои 8,5 - 9-дараҷаӣ тобоваранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Баъзе аз сокинон дар кӯчаҳои Душанбе санҷиши биноҳои навсохту баландошёнаро дуруст шумурданд, аммо мегӯянд, беҳтар аст, чунин тафтиш қабл аз бунёди биноҳо гирифта шавад.
"Дар давраи Шӯравӣ иҷозат намедоданд"
Музаффар Раҳимов, як сокини пойтахт, гуфт, "вақте пойдевори биноро мерезанд, он вақт санҷанд, ки оё барои 16 ошёна мутобиқ аст ё не. Масалан, дар давраи Шӯравӣ иҷозат намедоданд. Инро мутахассисоне бояд санҷанд, ки дар ин соҳа кор мекунанд."
Ин ва чанд ҳамсуҳбати дигари мо гуфтанд, кори кумсиюн бояд шаффоф бошад, вагарна саҳлангорӣ метавонад, ҷони ҳазорон нафарро дар хатар бигузорад.
"Дар ҳар кадоме аз ин биноҳо садҳо нафар зиндагӣ мекунанд. Агар нохост ягон ҳодиса шавад, бояд ҷавобгар шаванд,” -- гуфт як ҳамсуҳбати мо.
Дар мавриди он ки баъзе аз баландошёнаҳоро дар Тоҷикистон бе риояи қоидаҳои бехатарӣ месозанд, шикоятҳо ба гӯш мерасад. Алишер Ятимов, саркор ё прораби яке аз ширкатҳои сохтмонӣ дар Душанбе, мегӯяд, “барои сохтани биноҳо масолеҳи ҳам хориҷӣ ва ҳам ватанӣ истифода бурда мешавад. Ҳамаи онҳо аз лаборатория мегузаранд. Аввал таркиби хокро месанҷанд."
Солҳои охир дар шаҳри Душанбе биноҳои зиёди баландошёна сохтаанд. Ҷонибдорону мухолифони ин тасмим кам нест. Иддае хоҳони мондани биноҳои кӯҳна ҳастанд, чун бовар доранд, қавӣ ҳастанду ба заминлаврза тобовар. Дигарон мегӯянд, биноҳои баландошёна муҳим аст, чун мардуми зиёдро ҷой медиҳад ва ҳам симои шаҳрро дигар мекунад.