Мақомоти Ҷопон дар солгарди ҳамлаи Русия ба Украина аз ҳабси дороиҳои 48 нафар аз Русия ва 74 ширкати русӣ хабар доданд.
Дар рӯйхати нави таҳримҳо аз ҷумла муовини вазири мудофиаи Русия Виктор Горемикин, роҳбари ширкати "Калашников" Алан Лушников, хешовандони Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон ва афроди дигар дохил шудаанд.
Ҳукумати Ҷопон нисбат ба ширкати ҳолдингии "Ак Барс", маркази федеролии технологияҳои дугона "Союз", ширкати ҳолдингии "Росэлектроника" ва чандин марказу ниҳодҳои пажуҳишии дигари низомии Русия таҳрим ҷорӣ кард.
Ҳамзамон роҳбарони таъиншуда аз сӯи Русия дар Қрим, Луганск ва Донетски Украина шомили таҳримҳои нави Ҷопон шудаанд.
Фумио Кишида, сарвазири Ҷопон, рӯзи 25-уми феврал дар бораи таҳримҳо хабар дода буд. Ҷопон ҳамчунин содироти маҳсулотеро ба Русия манъ кард, ки метавонад, саноати Русияро тақвият бахшад ва барои истеҳсоли дронҳо истифода шавад.
Дар маҷмуъ теъдоди шаҳрвандони Русия, ки шомили таҳримҳои Ҷопон шудаанд, ба 900 ва теъдоди ширкатҳои русие, ки ба рӯйхати таҳримҳои Ҷопон ворид гардидаанд, ба 450 расид.
Баъд аз ҳамлаи низомии Русия ба Украина Ҷопон нисбат ба президенти Русия Владимир Путин, мақомдорони баландпояи Русия ва хешовандони онҳо, бонкҳо, корхонаҳо таҳрим ҷорӣ кард. Ҷопон ҳамзамон эълом кард, ки ба Украина кӯмаки низомиву башарӣ ирсол мекунад.
Русия Ҷопонро ба рӯйхати "кишварҳои ғайридӯст" шомил ва эълом кард, ки аз гуфтугӯ бо Ҷопон дар мавриди ҷазираҳои Курили Ҷанубӣ худдорӣ меварзад.