Мирзиёев: Сармоягузорӣ дар Узбекистон ба 42 миллиард доллар мерасад

Шавкат Мирзиёев

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, рӯзи 27-уми феврал гуфт, дар соли 2023 мизони сармоягузорӣ дар кишвараш ба 42 миллиард доллар хоҳад расид.

Мақомоти Узбекистон гуфтанд, дар соли 2022 ба маблағи 31 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб шудааст.

Ба гуфтаи президенти Узбекистон, имсол 11 миллиард доллари дигар сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб карда хоҳад шуд. Ба ин тартиб, сармоягузории хориҷӣ дар Узбекистон ба 42 милилард доллар мерасад.

Мирзиёев афзудааст, дар 5 соли оянда барои рушди устувори иқтисодӣ истеҳсолот 1,5 афзоиш дода шуда, содирот ба 30 миллиард доллар расонида хоҳад шуд.

Барои расидан ба ин ҳадаф ба Узбекистон 120 миллиард доллари сармоя, аз ҷумла 70 миллиард доллар сармояи мустақими хориҷӣ зарур аст.