Месси беҳтарин футболбози соли 2022 дониста шуд

Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) ҳамлагари бошгоҳи “ПСЖ”-и Фаронса ва мунтахаби Аргентина Лионел Мессиро беҳтарин футболбози ҷаҳон дар соли 2022 эълон кард.

Ба ғайр аз Месси барои ин унвон ҳамдастааш аз бошгоҳи "ПСЖ", ҳамлагари мунтахаби Фаронса Килиан Мбаппе, инчунин ҳамлагари "Реал"-и Мадрид ва тими миллии Фаронса Карим Бензема муддаӣ буданд.

Месси дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 дар Қатар дар ҳайати тими миллии Аргентина қаҳрамони ҷаҳон шуд. Дарвоқеъ, ин ҳамлагари 35-сола, ки дар муддати фаъолияти варзишиаш ба дастовардҳои бузург мушарраф шудааст, аввалин бор ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт.

Месси беҳтарин бозигари қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар Қатар гардида, бо ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ" сарфароз гашт. Ӯ дар таърих аввалин футболбозест, ки ду бор ин ҷоизаро ба даст овардааст. Аз ин пеш ҷоизаи "Тӯби тилоӣ"-ро Месси дар қаҳрамони ҷаҳон соли 2014 ба даст оварда буд.

Ҷоизаи FIFA барои беҳтарин дарвозабони сол насиби аргентинӣ Эмилиано Мартинес гардид. Ба унвони беҳтарин мураббии сол Лионел Скалони, сармураббии мунтахаби Аргентина, мушарраф шуд.

Ёдовар мешавем, қаблан Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS) ҳамлагари бошгоҳи “ПСЖ”-и Фаронса ва мунтахаби Аргентина Лионел Мессиро беҳтарин футболбози ҷаҳон дар соли 2022 эълон карда буд.