Мақомоти шаҳри Бишкек дар Қирғизистон роҳеро пеш гирифтаанд, ки солҳо дар Тоҷикистон таҷриба мешавад.
Дар Бишкек мақомот мехоҳанд, қаҳвахонаву тарабхонаҳоро вазифадор кунанд, то барои баргузории чорабиниҳои пурдабдаба ва пурхарҷ фармоиш нагиранд. Бо ин восита шаҳрдорӣ мехоҳад, исрофкории сокинон ва қарз гирифтани онҳоро барои гузарондани маросимҳои серхарҷ камтар кунад.
Шаҳрдорӣ аз соҳибони тарабхонаҳо хостааст, дархости муштариёнеро, ки меҳмони зиёд даъват карда, чорво забҳ мекунанд, қабул накунанд. Тарабхонаҳо дар ин бора бояд бо шаҳрдорӣ шартнома банданд ва ваъда диҳанд, ки ин муқарраротро риоя мекунанд.
Кубаничбек Айтакунов, муовини раиси ноҳияи Свердлови шаҳри Бишкек мегӯяд, “вақте муштариён ба тарабхона ё қаҳвахонае барои баргузории ин ё он чорабинӣ муроҷиат мекунанд, моликони муассисаҳо ба исрофкорӣ ва тақсими гушт иҷозат намедиҳанд. Мо махсус ба забҳи чорво диққати ҷиддӣ медиҳем."
Феълан шаҳрдорӣ ин гуна шартномаро танҳо бо се ва ё чор тарабхона бастааст. Бо дигарон ҳанӯз забон наёфтаанд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар Қирғизистон муассисахое, ки дар онҳо барои садҳо меҳмон зиёфатҳои калон барпо мекунанд, “Туйхона” меноманд. Шаҳрдорӣ мегӯяд, соҳибони чанде аз тарабхонаҳо ба пешниҳоди онҳо розӣ шудаанд. Мудири яке аз ин “Туйхона”-ҳо иддао дорад, ки бо шаҳрдорӣ ҳеҷ гуна қарордод имзо накардааст ва хоҳишманд низ нест. Ӯ мегӯяд, агар фармоиш нагирад, муфлис мешавад.
Нуркали Таштанбек уулу, раҳбари яке аз тарабхонаҳои Бишкек гуфт: “Як муштарӣ барои баргузори ҷашн бо даъвати 250 меҳмон ба мо муроҷиат кард. Вақте талаботи навро ба ӯ фаҳмондам, вай ба ман гуфт, ки “ман “Лексуси 570”-ро меронам ва барои он ки нодоре хафа нашавад, акнун бояд онро ба “Хонда Фит" иваз кунам?” Ман ба ин суолаш ҷавоб дода натавонистам. Шумо мефаҳмед, мо танҳо хидматрасонӣ мекунем. Агар мо ҳамаи муштариёни худро ба сарфаҷӯӣ водор кунем, онҳо аз тарабхонаи мо рӯй мегардонанд. Яъне мо бояд муфлис шавем?”
Суюн Молдошев, як сокини Бишкек низ ба ин тасмим розӣ нест . Аҳли хонавода ҷавонро барои музокира бо тарабхона барои ҷашни 70-солагии бибиаш фиристоданд. Ба Суюн пешниҳод шудааст, ки аз забҳи асп даст бикашад. Аммо Суюн мегӯяд, даргумон аст, ки аҳли хонаводаи ӯ чунин пешниҳодро қабул кунад. Забҳи асп дар Қирғизистон суннати дерина аст.
"Маъмури тарбахона мегӯяд, беҳтар мебуд, агар аз забҳи ҷонвар худдорӣ намоем. Чи гуна туй метавонад бе гӯшт бошад? Ин номумкин аст, меҳмонон инро намефаҳманд. Ман намедонам, бояд бо падарам машварат намоям. Шояд ягон тарабхонаи дигарро пайдо кунем,”—гуфт, Суйун Молдошев.
Дар Қирғизистон солҳо боз мақомот ба муқобили исрофкорӣ мубориза мебаранд. Соли гузашта раисиҷумҳур Содир Ҷаббаров ҳатто дар бораи чораҳои танзими расму ойинҳои оилавӣ ва маъракаи азодорӣ фармон содир карда буд. Ӯ он замон гуфт, ки маросими дафн дар Қирғизистон аксар вақт ба ҷашн табдил меёбад ва оилаҳои камбизоат бо сарватмандон рақобат намуда, ҳатто гови ягонаи худро забҳ мекунанд.
Дар Тоҷикистон солҳо боз қонун “Дар бораи танзими расму оинҳо” амал мекунад, ки бар асоси он сокинон ҳаққи сарфи бештар ва даъвати меҳмони зиёдро надоранд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Дар Қирғизистон қонунеро таҳия доранд, ки солҳо боз дар Тоҷикистон амал мекунад. ВИДЕОУрфу одатҳои тоҷикон онҳоро мекушад? Таҳқиқи мардумшиноси рус дар бораи Қонуни танзим. ВИДЕОДар Тоҷикистон маблағи ҷарима барои нақзи Қонуни танзим боло бурда шудПешниҳоди хатнасур ва додани таом дар маросими дафн. Қонуни танзимро тағйир медиҳанд? ВИДЕОДар Тоҷикистон аз мардум пурсиданд, тарафдори Қонуни танзим ҳастанд, ё не?Қонуни Асосӣ болост ё Қонуни танзим? Назари тарафдорон ва мухолифон