Дар Қирғизистон мақомоти расмӣ саъй доранд, қонуне қабул кунанд, ки чандин сол пеш дар Тоҷикистон қабул шуд ва баҳсу даъвои зиёде барангехт.
Лоиҳаи пешниҳодшуда дар Қирғизистон қонун "Дар бораи танзими ҷашнҳои арусӣ, оилавӣ, солгард ва маросимҳои ёдбуд" ном дорад, ки шабеҳи қонун "Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо" дар Тоҷикистон аст. Бар асоси ин қонун, ба сокинон иҷоза намедиҳанд, ки ҷашну маросимҳои бодабдаба ва бошукуҳ баргузор кунанд. Ин лоиҳа рӯзи 10-уми май ба порлумони Қирғизистон пешниҳод шудааст ва маълум нест, ки қабул мешавад, ё на.
Видеоро ин ҷо тамошо кунед:
"Ҳукумат худаш бояд намуна бошад"
Эркин Рисқулбеков даҳ сол аст, ки дар ҷашну маросимҳо барандагӣ мекунад. Дар ин муддат мақомот се дафъа кӯшиш карданд, бо қабули қонун маросимҳои бошукуҳро манъ кунанд, вале ба ҷое нарасиданд. Эркин мегӯяд, худаш ҳам мухолифи ҷашнҳои бодабдаба аст, ба ин шарт, ки соҳибаш пули онро надошта бошад. Айни замон ба ин бовар аст, ки бо манъ кардану ҷарима пеши роҳи мушкилро гирифта намешавад. Ӯ мегӯяд, мақомот бояд худашон намуна шаванд: "Намунаро бояд дар сатҳи давлатӣ нишон бидиҳанд. Ман тарафдорам. Пас биёед туйҳоеро, ки аз ҳисоби молиёти мо баргузор мекунанд, манъ кунем, ҷашни кадом як муассиса ва ё 100 солагии кадом як баҳодурро. Ҷойе як ҷашни хурд баргузор мекунанд, вале пули зиёдеро ба нафъи худ истифода мебаранд.",--гуфт ӯ.
Ин дафъа порлумони Қирғизистон дар қонун меъёрҳои мушаххас таъйин кардааст. Масалан дар ҷашну туйҳо ҳақ надоред, бештар аз 100 меҳмон даъват кунед. Зиёфат набояд бештар аз як рӯз бошад ва дар худоиҳо набояд аспу гов забҳ кард. Барои риоят накардани қонун 200 доллар ҷарима мебанданд. Сабаби пешниҳоди тарҳ, ба гуфтаи муаллифонаш, ғамхорӣ дар ҳаққи мардум аст, ки бо назардошти афкори умум қарз мегиранд, маросими бошукуҳ баргузор мекунанду зери қарз мемонанд. Тарҳ дар байни мардум тарафдору мухолиф дорад.
Назари роҳгузарон ба лоиҳаи қонун
Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ назари чанде аз раҳгузаронро дар Бишкек пурсид:
- "Ба фикрам ҳар қонуне ки қабул нашавад, ҳар навъ хостанд баргузор мекунанд."
- "Кори дуруст мекунанд, ҳамаро бояд манъ кунанд, аспони зиёдеро забҳ мекунанд, барои худоиву 40 харҷи зиёд мекунанд."
- "Ин ҳаққи ҳар инсон аст, ҳар қадар хоҳад харҷ мекунад."
Ҳоло ҷанбаҳои дигари манфии қонун низ баҳс мешавад. Баъзеҳо мегӯянд, мумкин аст, баъди қабули қонун ресторану толорҳои зиёфат, ки 100 ҳазор нафар коргар доранд, зарар бинанд ва мардум бекор монанд.
Эркин Рисқулов ба ҳамин андеша аст: "Бар иловаи ин нонвойхонаҳо, ороишгоҳҳо, иҷораи либоси арӯсӣ соҳаҳои дигари иқтисод аст. Сар аз ҳунарпешагон, ба мисли ман баранда, то бибие, ки дар бозор рӯймол мефиристад, ҳама дар ин тиҷорат саҳм доранд. Бо ин қонун, мо як қисмати бузури иқтисодро, ки ҳоло ба зӯр ҷон мегирад, вайрон мекунем."
Дар Тоҷикистону Узбекистон чунин қонун солҳо пеш қабул шудааст. Масалан дар Тоҷикистон дар ҷашни арӯсӣ 150 меҳмон даъват кардан мумкин аст, дар Узбекистон 200 нафар. Маросимҳои диниву ҷашни таввалуд ва дигар зиёфату маъракаҳо низ бо қоидаҳои махсус ва маҳдуд доир мешаванд.