Мақомоти амрикоӣ хабар ёфтаанд, ки Чин тасмим дорад, ба Русия барои ҷангаш дар Украина силоҳ диҳад, вале ҳанӯз қарори ниҳоӣ қабул накардааст.
Уилям Бёрнс, директори Хадамоти иктишофии Амрико (ЦРУ) дар суҳбат бо телевизиони “CBS News” гуфтааст, истихбороти ИМА ба иттилое даст ёфтааст, ки Чин эҳтимоли додани силоҳ ба Русияро баррасӣ дорад.
Аз ин пеш расонаҳои маъруфи ғарбӣ дар бораи тасмими Чин хабар дода буданд. Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии ИМА ҳафтаи гузашта гуфт, агар чунин қадаме гузошта шавад, барои Чин оқибатҳои нохуб хоҳад дошт.
Мақомдорони амрикоӣ дар оғози моҳи феврал гуфта буданд, ки Чин додани силоҳ ба Русияро ҷиддӣ баррасӣ надорад, вале ҳоло ҳарфашон тағйир кардааст. Ҳарчанд, бар ин назаранд, ки Чин тасмими ниҳоӣ нагирифтааст ва ҳанӯз “дудила” аст, ки силоҳ диҳад ё на.
Ба қавли Уилям Бёрнс, директори Хадамоти иктишофии Амрико, ҳоло далеле надоранд, ки Чин ба Русия силоҳ додааст, вале ИМА аз ҳоло аз Чин талаб дорад, ки чунин кор накунад.
Соли гузашта ИМА талош кард, ки Владимир Путин, президенти Русияро аз ҳамла ба Украина боз дорад, вале Путин гуш накард.
Уилям Бёрнс иқрор шуд, ки то ҳамлаи Русия борҳо ба Украина сафар карда, ба мақомоти украинӣ аз ҳамлаи “барқосо”-и русҳо, аз ҷумла аз хоки Беларус, хабар дода будааст.
Ин мақомдори амрикоӣ гуфт, ки се моҳ пеш аз ҳамла ба мақомдорони рус гуфта буд, ки агар ба Украина ҳамла кунанд, онҳо ба ин кишвар кумак хоҳанд кард, вале ба қавли ӯ, он замон атрофиёни Путин фикр доштанд, ки агар ҷанг тӯлонӣ шавад, шарикони ғарбии Украина “хаста” мешаванд ва пуштибонӣ намекунанд.
Пас аз оғози ҷанги Русия бо Украина ҳамкориҳои Чин бо Беларус бештар шудааст. Беларус ба навъе аз ҷанги Русия дар Украина пуштибонӣ мекунад. Мақомдорони кишварҳои ғарбӣ тахмин мекунанд, ки эҳтимол Чин аз тариқи Беларус ба Русия таҷҳизоти низомӣ диҳад.
Агар ин кор сурат гирад, кишварҳои ғарбӣ ваъда додаанд, ки нисбат ба Чин таҳрим эълон мекунанд. Чин, ки даромади бештараш аз ҳисоби содироти молу маҳсулот аст, агар таҳрими иқтисодӣ шавад, зиён мебинад.
Русия як соли пеш ба Украина ҳамла кард. Дар ин ҷанг ҳазорон нафар куштаву захмӣ ва миллионҳо нафар бехона мондаанд.
Аксари кишварҳои ҷаҳон ҳамлаи Русия ба Украинаро маҳкум кардаанд ва аз Украина пуштибонӣ мекунанд.