Нурулло Алиев, размикори тоҷик дар муҳорибаҳои омехта (ММА), дар аввалин рақобаташ дар мусобиқоти "UFC Vegas 70" дар вазни сабук пирӯз шуд.
Шаби 26-уми феврал дар шаҳри Лас-Вегаси иёлати Невадаи ИМА ӯ Рафаэл Алвеси бразилиягиро шикаст дод.
Рақиби Алиеви 22-сола Рафаэл Алвеси 32-солаи бразилӣ дар UFC (Ultimate Fighting Championship) рақобати чаҳоруми худро доир кард. Ӯ дар як набард пирӯз шуда, дар сетоаш мағлуб гаштааст.
Дар маҷмӯъ, Алвес дар MMA 20 ғалаба ва 12 бохт дорад. Алвес ҳуқуқи ширкат дар лигаи зӯртаринҳоро тавассути Dana White's Contender Series ду сол пештар аз Алиев ба даст овардаааст.
Дар раунди аввал Алвес ба довар шикоят кард, ки Алиев ангушташро газидааст. Нурулло бо кам кардани як имтиёз муҷозот шуд. Аммо ба ин нигоҳ накарда, размикори тоҷик дилпурона мубориза бурд, ӯ ҳам аз лиҳози физикӣ ё ҷисмонӣ пурқувват буду ҳам аз ҷиҳати маҳорат аз рақибаш камӣ надошт. Дар натиҷа Алиев ба Алвес бо тасмими доварон ғалаба кард (29-27, 29-27, 28-28).
Вай гуфт, "пеш аз сафар падарам ба ман дуои нек карда, бо ғалаба баргаштанамро орзу намуд. Инчунин гуфт, ки баъди бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштан маро хонадор мекунад."
Зимнан, ҳам услуби мубориза ва ҳам намуди зоҳирии Нурулло Алиев ба Ҳабиб Нурмагомедов, размикори машҳури доғистонӣ, шабоҳат дорад.
Ёдовар мешавем, Нурулло Алиев моҳи сентябри соли гузашта дар Лас-Вегас дар муҳорибаҳои омехта, дар доираи мусобиқаи интихобии Dana White's Contender Series барои бастани шартнома бо UFC ба рақиби амрикоиаш Ҷош Уик бо нокаути фаннӣ дар сонияҳои охирини раунди аввал ғолиб шуд. Қаблан размикори тоҷик дар мусобиқоти GFC и AMC Fight Nights иштирок мекард.
Нурулло Алиев аввалин варзишгар аз Тоҷикистон аст, ки ба созмони UFC (“Қаҳрамонии мутлақ оид ба якҳарба”) дохил шуд ва то ҳоло шикастнопазир мебошад. Ӯ дар ҳамаи 9 қувваозмоиаш дастболо шуда, дутоашро бо нокаут анҷом додааст. Қадаш 1 метру 78 сантиметр, вазнаш сабук (70 кг) аст.
Баъди муҳориба Нурулло Алиев ба Dana White's Contender Series – ташкилоте, ки ба ҷустуҷӯи размикорони боистеъдод барои бо UFC шартнома бастан машғул аст, гуфта буд, омода аст аллакай баъди як ҳафта дар мусобиқаи ин созмон иштирок намояд.
Алиев аз соли 2018 дар муҳорибаҳои размии омехта ширкат меварзад. Вай дар се қувваозмоии охирин дар вазни нимамиёна ҳунарнамоӣ мекард. Вале ӯ пеш аз рақобат дар силсилаи довталабони Dana White's Contender Series дар вазнкашӣ ба вазни сабук шомил шуд.
Нурулло Алиев барои чаҳор рақобат бо созмони UFC шартнома баст ва ваъда дод, ки баъди ду сол камарбанди қаҳрамониро хоҳад гирифт.
"Ман дар назди худ мақсад гузоштаам, ки сарфи назар аз мушкилиҳо бояд ду сол пас қаҳрамони UFC шавам. Ё ҳадди ақал дар рӯйхати панҷ варзишгари беҳтарини ин ташкилот бошам, то ҳар замон UFC тавонад барои ман рақобати қаҳрамонӣ пешниҳод кунад", - гуфт Нурулло Алиев дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Нурулло Алиев устоди варзиши Тоҷикистон дар намудҳои гуштии озод ва самбои размӣ, инчунин устоди дараҷаи байналмилалӣ оид ба панкратион мебошад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Размикори тоҷик ба аввалин рақобаташ дар UFC омода мешавадНурулло Алиев: Бовар намекунанд, вале натиҷаашро баъди ду сол мебинем. ВИДЕОНурулло Алиев размикори аввалини тоҷик, ки ба UFC дохил шуд