Раиси ҷумҳури Украина гуфтааст, нақша дорад, пешниҳоди оташбаси Чинро бо раҳбари он кишвар, Сӣ Ҷинпин, баррасӣ кунад. Владимир Зеленский бовар дорад, чунин мулоқот "барои амнияти ҷаҳон муҳим хоҳад буд".
Вазорати корҳои хориҷии Чин дар чанд банд нақшаи ҳалли низоъро миёни Русия ва Украина пешниҳод кард. Зеленский 24-уми феврал, дар солгарди ҳамлаи Русия ба кишвараш, аз баъзе пешниҳоди Чин истиқбол кард, аммо гуфт, нақша комилу мушаххас нест.
Дар санад ба "созиши сиёсӣ" даъват шуда, аммо аз Русия талаб нашудааст, ки Украинаро тарк кунад. Пешниҳодро ҳампаймонҳои Украина зери шубҳа гузоштанд.
Зеленский ба рӯзноманигорон гуфт, гап задани Чин дар бораи Украина "бад нест", вале қадами баъдӣ чӣ хоҳад шуд, маълум нест.
Ҳукуматдорони Чин ба изҳороти раҳбари Украина зуд вокуниш накарданд.
Президенти Фаронса рӯзи 25-уми феврал гуфт, дар аввали моҳи апрели имсол ба Чин хоҳад рафт. Эммануэл Макрон афзуд, танҳо "пас аз хатми ҳамлаи Русия, берун бурдани нерӯҳо ва эҳтиром ба соҳибихтиёрии Украина ва мардумаш" сулҳ имконпазир мегардад.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, дар як мусоҳибааш гуфт, андешаи онки Чин нақши сулҳҷӯйиро дар Украина мебозад, мантиқиву оқилона нест.