"То ду километр хати сарҳади Украина бо Русия ва Беларус минакорӣ хоҳад шуд."
Хабаргузории УНИАН бо такя ба нигоштаи вазири украинӣ Олег Немчинов дар Телеграм гуфт, қонун рӯзи 24-уми феврал қабул шуд.
Ба тарафдорӣ аз он аз 450 вакили порлумони Украина 310 нафар ройи мусбат доданд.
Ба қавли Немчинов, қонун масъалаи ҷалби нерӯҳои мусаллаҳ, Горди миллӣ ва пулиси Украинаро барои ҳифзи сарҳад дар вазъияти ҳарбӣ низ ҳал кардааст.
Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Беларус, аз таҷовузи нерӯҳои Русия ба хоки Украина пуштибонӣ мекунад. Ин кишвар ҳамзамон зербиноҳои низомии худро барои ҳамла ба Украина ба ихтиёри Кремл додаааст.