Дар Душанбе бо намоиши аксҳо аз харобаҳои Украина ёди қурбониёни ҷанги бедалели Русияро дар ин кишвар гиромӣ доштанд. Намоишгоҳ рӯзи 24-уми феврал аз тарафи сафорати Украина баргузор шуд, вале бе ҳузури намояндагони ҳукумати Тоҷикстону ҷумҳуриҳои дигари пасошӯравӣ. Маҳалли баргузории он низ дар лаҳзаҳои охирин тағйир ёфт.
"Ҳамеша дар ҳоли афсурдагӣ ҳастанд"
Руслана Сирман тасвири пайомадҳои як соли ҷанги Русияро дар Украина бо чашми пур аз ашк дид. Ин зодаи Украина шаш моҳ пеш аз оғози ҷанг ба Тоҷикистон омадааст. Мегӯяд, порае аз қалбаш дар зодгоҳаш монда.
"Дар Тоҷикистон ҷойи кор дорам, вале аз вазъи имрӯзаи кишвар дар азобам," – нақл кард ӯ. Хонум Сирман афзуд, бо модараш дар Украина пйаваста тамос дорад ва ҳар дафъа бо шунидани мушкили онҳо дардаш афзун мегардад.
"Мегӯянд, барқ зуд-зуд хомӯш мешавад. Мунтазам бонги хатар садо медиҳад. Мушакҳо аз болои сарашон мегузарад. Ҳамеша дар ҳоли афсурдагӣ ҳастанд," -- нақл кард Руслана Сирман.
Намоишгоҳи аксҳо дар солгарди ҳамлаи Русия ба Украина дар шаҳри Душанбе бо лаҳзаи хомӯшӣ ба ёди қурбониёни ҷанг шуруъ шуд.
Валерий Евдокимов, сафири Украина дар Тоҷикистон, мегӯяд, "як соли вазнинтарин барои Украина буд. Мехоҳем, одамон аз ҳақиқат огоҳ шаванд. Мехоҳем, пуштибонӣ аз моро бибинанд, дар ҳама ҷо, чӣ дар Амрикову Маҷмаи Умумии СММ ва чӣ дар Киеву Душанбе."
Бе ҳузури мақомот ва на дар "Серена"
Дар намоишгоҳи аксҳо аз пайомади як соли ҷанги бедалели Русия дар Украина асосан дипломатҳои ғарбӣ ва украиниҳои муқими Тоҷикистон иштирок карданд. Сезин Синаноғлу, намояндаи Созмони Милал, гуфт, “таҷовузи Русия ба хоки Украина нақзи дастурамали СММ ва қонунҳои дигари байнулмилалӣ аст. Дар ин шакке нест."
Сафорати Украина дар Душанбе хостааст, намоишгоҳи аксҳоро дар меҳмонхонаи "Серена" дар Душанбе баргузор кунад, аммо бо сабабҳои эълоннашуда ба қароргоҳи намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе кӯчонданд.
Намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ва сафирони кишварҳои пасошӯравӣ, ки аз шарикони Русия ва ё зери фишори Маскав ҳастанд, дар намоишгоҳ набуданд. Ҳарчанд, ба гуфтаи масъулони сафорати Украина дар Душанбе, "даъват шуда буданд".
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Тоҷикистону кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар мавриди ҷанги Русия дар Украина мавқеи ниҳоӣ ва яксон надоранд. Аз як тараф ҷумҳуриҳои худхондаи Донетску Луҳанскро дар шарқи Украина напазируфта, хоҳони сулҳ ҳастанд, аммо аз сӯи дигар ба рафтори Русия ҳам мухолифат намекунанд.