Як марди тоҷикро барои куштани духтараш зиндонӣ карданд

Додгоҳи шаҳри Душанбе як падари тоҷикро барои то дами марг задани духтари 11-солааш ба 25 сол зиндон маҳкум кард.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 23-юми феврал бо нашри баёнияе гуфт, ҳодиса дар охири моҳи октябри соли гузашта рӯй дод.

Ба иттилои манбаъ, Гурез Саидов, сокини ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, Мадинаи хурдсолро ба гумони дуздии 1000 сомонӣ аз ҳамёнаш “лагадкӯб кардааст”.

Маълум нест, падари Мадина дар мурофиаи додгоҳӣ чӣ гуфта. Бар асоси ҳукми додгоҳ, Гурез Саидови 67-сола бояд 25 соли дигар ё тамоми бақияи умрашро дар зиндон гузаронад.