Як муассисаи имдодии Созмони Милал мегӯяд, танҳо дар моҳи январи имсол тавассути Тоҷикистон барои мардуми муҳтоҷи Афғонистон бештар аз 4 ҳазор тонна орд фиристодааст.
Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ бо нашри баёнияи расмӣ рӯзи 23-юми феврал гуфт, дар ҳамин моҳ ҳамчунин бештар аз 1500 тонна орд харид ва ба Афғонистон мефиристад.
Дар ҳамин муддат аз фурудгоҳи Душанбе ҳавопаймоҳои мусофирбар 19 дафъа ба фурудгоҳҳои гуногуни Афғонистон парвоз карда, умдатан кормандони муассисаҳои имдодии Созмони Милалро барои иҷрои маъмуриятҳояшон бурдаанд.
Тоҷикистон, яке аз кишварҳои мухолифи ҳукумати Толибон дар Афғонистон аст ва аз ҳаргуна робитаи расмӣ бо намояндагони ин гуруҳи тундрав парҳез мекунад.