Маъракаи ҳамраъйӣ бо Украина дар як қатор кишварҳо

Варшава, 23-юми феврали 2023

Дар аксар шаҳрҳои ҷаҳон маъракаи "Рӯшноӣ торикиро мағлуб мекунад" ба ҷонибдорӣ аз Украина ҷараён дорад. Маърака 23-юми феврал оғоз ёфта, 26-уми феврал ба поён хоҳад расид.

Ҳамоишҳоро дар шаҳрҳои гуногуни дунё фаъолони ҷомеаҳои украинӣ ташкил мекунанд. Ҳамоҳангсоз ва яке аз созмондиҳандаҳои маърака Иттиҳоди ҷомеаҳои Украина мебошад.

Созмондиҳандагон мегӯянд, "ранги зарду кабуд" бояд ба "торикии путинӣ" ғолиб ояд.

Интизор меравад, дар баъзе аз шаҳрҳо флешмоби "харитаи зиндаи Украина" баргузор карда шавад.