Вазорати корҳои хориҷии Чин нақшаи ҳалли низоъро миёни Украина ва Русия пешниҳод кард.
Ба назари Пекин, ин санад, ки иборат аз 12 банд аст, ба қатъи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар Украина мусоидат мекунад.
Дар санад даъват шудааст, ки соҳибихтиёрии ҳамаи кишварҳо бар асоси ҳуқуқи байнулмилалӣ ва Ойинномаи СММ эҳтиром карда шавад.
Пекин талаб кардааст, ки соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии ҳамаи кишварҳо кафолат дода шавад.
Чин ҳамчунин дар баробари таъкид бар аҳамияти даст кашидан аз ҷанги сард даъват кардааст, ки бо амнияти кишварҳои алоҳида ҷиддӣ муносибат шавад. Ҳамзамон хостааст, ки даргириҳо бас, гуфтугӯҳо оғоз ва фоҷеаи башарӣ дар Украина аз байн бурда шавад.
Чин ҳамчунин даъват кардааст, ки аз таҳримҳои якҷониба даст кашида шавад.