Бахши узбекии Радиои Озодӣ дар вилояти Маскав қабристонеро пайдо кардааст, ки ба ширкати хусусии низомии "Вагнер"-и Русия тааллуқ дорад ва дар он маҳбусони кушташуда дар ҷанги Украина, аз ҷумла чандин зодаи Осиёи Марказӣ дафн карда шудаанд.
Зодагони Осиёи Марказӣ, ки қабрашон дар ин оромгоҳ ошкор шудааст, тавассути "Вагнер" аз зиндонҳои Русия ба ҷанги Украина ҷалб шуда буданд. Қабристон дар деҳаи "Маврин"-и ноҳияи Шелковский ҷойгир аст.
Дар лавҳаҳои болои қабрҳо ному насаби ҳалокшудаҳо навишта шудааст. Ҳамаи онҳо дар миёнаҳои моҳи октябри соли 2022 ва январи соли 2023 дар ҷанги Украина кушта шудаанд. Дар миёни дафншудаҳо узбекистониҳо низ ҳастанд.
Дар яке аз лавҳаҳои оромгоҳ ному насаби шахси дафншуда Баҳодур Ҷонибек Буранович (19.08.1977-11.01.2023) навишта шудааст. Тавре хабарнигорони радио муайян карданд, Баҳодур Ҷонибеков зодаи ноҳияи Пахтакори вилояти Ҷиззахи Узбекистон аст. Ӯ дар Екатеринбурги Русия кору зиндагӣ мекард.
Бахши узбекии Радиои Озодӣ қаблан хабар дода буд, ки ҷасади се шаҳрванди кушташудаи Узбекистон дар ҷанги Украинаро ба наздиконашон дар ватан супурданд.