Марде, ки моҳи октябри соли 2022 дар ноҳияи Чилонзори Узбекистон зани ҳомилаи худро ба қатл расонида буд, 18 сол аз озодӣ маҳрум шуд.
Бино ба хабарҳо, ин ҷуфт соли 2016 бо ҳам издивоҷ карда, соҳиби ду фарзанд буданд. Зан ҳангоми рух додани ҳодиса дар моҳи 9-уми ҳомила қарор дошта, мебоист се рӯз пас дугоник таваллуд кунад.
Миёни онҳо моҳи октябри соли гузашта, ҷанҷол сар зада, дар натиҷа мард ҳамсарашро буғӣ карда, ба қатл расондааст.
Мард дар додгоҳ худро бегуноҳ номида, ба ҳамааш хешованди занашро айбдор кардааст ва гуфта, ки намедонист, ҳамсараш ҳомила аст.