Маъмурони наҷот аз Тоҷикистон, ки барои кумак ба осебдидаҳои заминларза ба Туркия рафтанд, шаби 22 ба 23-юми феврал аз Истанбул ба Душанбе бармегарданд.
Мақомот мегӯянд, ҳайати 50-нафарӣ дар ду ҳафта се нафарро наҷот дода, ҷасади 200 нафарро ба азизонашон супурданд.
Ширкати наҷотбахшони тоҷик дар рафъи пайомадҳои фалокат дар кишварҳои хориҷӣ бисёр кам дида шудааст.
Президенти Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар мулоқот бо наҷотбахшони тоҷик барои мададашон изҳори сипос кард.