Узбекистону Миср ба 1,6 миллиард доллар шартнома бастанд

Шавкат Мирзиёев ва Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ, президентҳои Узбекистон ва Миср.

Узбекистон бо ширкатҳои мисрӣ 20 шартномаи ҳамкорӣ баст, ки маблағи умумии он ба 1,6 миллиард доллар мерасад. Мулоқоти Мирзиёев бо соҳибкорони мисрӣ рӯзи 21-уми феврал дар Қоҳира сурат гирифт.

Президенти Узбекистон 20 феврал бо сафари дурӯза ба Миср рафт ва онҷо бо роҳбарони ширкатҳои мисрӣ мулоқот кард.

Мирзиёев аз соҳибкорони мисрӣ даъват кардааст, ки ба бахшҳое чун энержӣ, техникаи энержӣ, кимиёӣ, канданиҳои куҳӣ, нассоҷӣ, кишоварзӣ, дорусозӣ ва коркарди пӯст, сармоягузорӣ кунанд.

Мирзиёев ҳамчунин рӯзи 21 феврал бо президенти Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ мулоқот кардааст.