Ҳукумати Тоҷикистон қарорро дар бораи тамдиди муҳлати сабти симкортҳо нашр кард.
Қарорро раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13-уми феврал имзо кардаву матнаш тоза нашр шуд.
Дар он гуфтаанд, акнун мардум то соли 2024 имкон доранд, симкортҳояшонро бо шиносномаҳои нав ба номашон сабт кунанд.
Хадамоти алоқа мегӯяд, то кунун беш аз ду миллион симкорти ширкатҳои мобилиро соҳибонашон бо шиносномаи нав сабт накардаанд.
Бар асоси қарори нав, ҳар касе, ки симкортҳояшро то соли оянда ба ном ва бо шиносномаи соли 2014 сабти ном накунад, аз ҳаққи истифодаи он маҳрум мешавад.
Қарори мазкур дар соли қабулаш (2016) сабаби ҳаёҳуи зиёд ва саргардонии зиёде аз мардум дар дари ширкатҳои мобилӣ шуд.