Путин дар остонаи ҳамлаи Русия ба Украина чӣ хоҳад гуфт?

Владимир Путин

Қарор аст, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, рӯзи 21-уми феврал ва ҳангоми суханронӣ саъй кунад, дигарбора ҳимояти мардумро ба ҷанги беасосаш дар Украина ҷалб намояд.

Суханронӣ як рӯз баъд аз он сурат мегирад, ки Ҷо Байден, президенти Амрико, зимни сафари ғайримунтазира ба Киев ба аҳди кишвараш барои пуштибонӣ аз Украина таъкид кард.

Суханронии Владимир Путин дар ҳузури вакилони Шӯрои Федератсия се рӯз пеш аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина сурат мегирад.

Бисёриҳо дар ҳукумати Русия интизор доштанд, ки ҷанг дар Украина дар чанд ҳафта ба поён мерасад, вале бо гузашти як сол ва талафоти зиёди ҷониву молӣ ҳеч нишонае аз хотимаи наздики ин ҷанг ба чашм намерасад.

Дар ҷойи дигар, дар Лаҳистон, Ҷо Байден бо раҳбарони он кишвар ва ҳампаймонҳои дигари Амрико мулоқот карда, ҷангро дар Украина баррасӣ дорад.