Содир Ҷабборов мулоқотро дар Дубай шарҳ дод

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Жапаров) рӯзи 21-уми феврал дар суҳбат бо хабаргузории давлатии "Кабар" ҷузъиёти мулоқотро бо раҳбарони пешини кишвараш дар Дубай ифшо кард.

Ҷабборов гуфт, пеш аз баргузории вохӯрӣ бо президенти собиқи Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар Дубай мулоқот кард. Ба гуфтаи ӯ, "онҳо оштӣ карданд ва ҳамдигарро бахшиданд".

"Бо ҳар кадоме аз онҳо алоҳида суҳбат ва созиш кардем, ки дар Дубай мулоқот кунем, вале нагуфтем, киҳо иштирок мекунанд. Эҳтимол баъзе аз онҳо наоянд. Дар мулоқот гуфтам, ки ман дар пеши ҳеч кадоми онҳо масъулияти молӣ ё сиёсӣ надорам ва ҳеч кадоме аз онҳо дар президентшавии ман даст надоранд. Ҳадафи мулоқот оштӣ кардан буд. То раҳбарон ба созиш нарасанд, ҳалли масъалаҳои дигар осон нахоҳад шуд. Бинобар ин, онҳо бояд ҷонибдорони худро ба сулҳ даъват кунанд", - афзуд ӯ.

Ҷабборов афзуд, президентҳои пешини Қирғизистон аз ташаббуси ӯ ҷонибдорӣ карданд ва мулоқот ҳудуди се соат давом кард.

Эрбол Султонбоев, сухангӯи президент, гуфт, дар ин мулоқот президентҳои пешин Аскар Акаев, Қурмонбек Боқиев, Роза Отунбоева, Алмосбек Отамбоев ва Сооронбой Ҷеенбеков ширкат кардаанд. Мулоқот дар Дубай сурат гирифтааст.

Дар солҳои мустақилии Қирғизистон онро Аскар Акаев (1991-2005), Қурмонбек Боқиев (2005-2010), Роза Отунбоева (2010-2011), Алмосбек Отамбоев (2011-2017) ва Сооронбой Ҷеенбеков (2017-2020) роҳбарӣ кардаанд.

Акаев баъд аз инқилоби соли 2005 фирор кард, Боқиев баъд аз инқилоби соли 2010. Акаев дар Русия ва Боқиев дар Беларус зиндагӣ мекунанд.

Роза Отунбоев кишварро баъд аз инқилоби соли 2010 роҳбарӣ кард. Отамбоев президенти интихобшуда муҳлати муайяни президентиро ба поён расонд. Вай 3,5 сол зиндонӣ буд ва дар охири ҳафтаи гузашта озод шуд. Ҷеенбеков пас аз ҳодисаҳои октябрии соли 2020 пеш аз муҳлат президентиашро қатъ кард.