Ҳомии ҳуқуқ Галим Агелеуов дар нишасти хабарӣ дар Алмато аз иштироки намояндагони созмони Liberty дар муҳокимаи парвандаи айбдоршавандаҳои ҳодисаҳои тобистони соли 2022 дар шаҳри Нуқуси Узбекистон нақл кард. Ба иттилои ӯ, теъдоди воқеии кушташудаҳои ҳодисаҳои Нуқус бештар аз омори расмӣ аст.
"То имрӯз ному насаби 50 кушташуда дақиқ шудааст. Аз ҳукумати Узбекистон, додситонии кулли он кишвар даъват мекунем, ки иттилои дурустро диҳанд. Бояд далелҳои поймолшавии ҳуқуқи инсон ҷамъоварӣ шавад. Мақомоти Узбекистон низ бояд ба ин ҳавасманд бошанд то ин, ки дар оянда чунин ҳодиса такрор нашавад", - гуфт Галим Агелеуов.
Мария Тоҷимуродова, хоҳари Давлатмурод Тоҷимуродов, айбдоршавандаи асосии ҳодисаҳои Нуқус, ки 16 сол зиндонӣ шудааст, дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Алмато гуфт, бо ҳукми додгоҳ нисбати бародараш розӣ нест.
"Ман дар муҳокимаи парвандаи бародарам дар шаҳри Бухоро будам. Вай комилан худро сафед кард, намедонам чаро ӯро 16 сол зиндонӣ карданд", - гуфт Мария Тоҷимуродова.
Эътирозҳо дар Қарақалпоқистони Узбекистон баъди он шуруъ шуданд, ки тарҳи нави Конститутсияи он кишвар нашр гардид. Дар тарҳи нав мақоми Қарақалпоқистон ҳамчун ҷумҳурии мустақил бекор ва он аз ҳаққи хориҷ шудан аз ҳайати Узбекистон маҳрум гардида буд.
Ба иттилои мақомоти Узбекистон, дар ҳодисаҳои шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон рӯзҳои 1 ва 2 июли соли 2022 21 кас кушта, 243 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Бештар аз 500 кас боздошт шуда буд.
Баъди он ҳодисаҳо аз тағйир додани мақоми Қарақалпоқистон даст кашиданд.