Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, ба Украина рафт. Аз он ҷо ба Лаҳистон (Полша) мегузарад. Сафари ногаҳонии ӯ рӯзи 20-уми феврал ва дар остонаи як соли ҳуҷуми Русия ба хоки Украина сурат гирифт. Аксҳои вохӯрии Байден бо Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Ҳардуро дар Киев дидаанд. Ин мулоқоти дувуми ду раҳбар дар се моҳи охир аст. Дафъаи аввал Зеленский ба Вашингтон рафта буд.