Занозании муҳоҷирон дар Маскав: 15 кас боздошт шуд

Дар занозании гуруҳӣ дар қаҳвахонае дар кӯчаи Люблинскийи шаҳри Маскав 15 кас боздошт шудааст.

Расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки задухӯрд 19-уми феврал рух дода, гуё дар он шаҳрвандони Русия, Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон иштирок доштанд.

Тибқи иттилои "РЕН ТВ", маъмурони пулис баъд аз ҳозир шудан ба маҳалли ҳодиса муайян кардаанд, ки занозанӣ аввал дар дохили қаҳвахона оғоз шуда, сипас дар берун идома ёфтааст. Дар натиҷа 15 иштирокчии задухӯрд дастгир шудааст.

Ҷузъиёти ҳодиса маълум нест. Сафоратҳои Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон дар Русия то ҳол хабарро шарҳ надодаанд.