Тазоҳуроти соҳибкорони қирғиз дар маркази Бишкек

Бишкек, 20-уми феврали 2023

Як гуруҳ аз соҳибкорони Қирғизистон рӯзи 20-уми феврал дар шаҳри Бишкек зидди қоидаҳои нави андоз (молиёт) тазоҳурот карданд.

Яке аз эътирозгарон, ки худро ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ Адина Қамбарова муаррифӣ кард, гуфт, тақрибан сад нафар барои изҳори норозигӣ ба қоидаҳои нави андоз дар майдон ҷамъ омадаанд.

"Мо акнун бояд ҳамаи маҳсулот, ҳатто "пирожки"-ро низ бояд ба низоми электронӣ ворид кунем. Маблағ дар хазина ва низоми мазкур бояд яксон бошад. Ҳатто дар сурати як сом фарқ кардан ҷарима пешниҳод гаштааст. Ҳангоми аз бозор мол харидан маълум мешавад, ки мо 4 дарсад андоз месупорем. Арзиши патент ду баробар зиёд шудааст. Ҳатмӣ будани истифодаи дастгоҳҳои хазинавии назоратӣ ҳам боқӣ мемонд. Мо маҳсулоти ғизоӣ мефурӯшем. Он бо гузаштани муҳлати истифодааш бояд партофта шавад," - афзуд Қамбарова.

Соҳибкорони Қирғизистон аз 1-уми январи имсол вазифадоранд, ки дар системаи иттилоотӣ худро сабтином карда, даромади худро электронӣ ба қайд гиранд.