Русия қариб 700 амволи украиниҳоро дар Қрим гирифтааст

Қрим. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Қрими ғасбшуда аз миллигардонии наздик ба 700 амволи шахсони воқеии Украина хабар доданд. Дар ин бора нашрияи "Коммерсант"-и Русия иттилоъ медиҳад.

Ба ин тартиб, дар Қрим амволи тоҷирон ва сиёсатмадорони Украина, аз ҷумла Ринат Ахметов, Игор Коломойский, Арсений Ятсенюк, Нестор Шуфрич, Сергей Тарута ва дигарон миллӣ гардонида шудааст.

Порлумони аз сӯи Русия дар Қрим таъйиншуда бар ин назар аст, ки соҳибони амволи мазкур бо мақомоти Киев робита доранд ва нисбат ба Русия "амали ғайридӯстона" анҷом медиҳанд.

Сергей Аксёнов, роҳбари аз сӯи Русия таъйиншудаи Қрим гуфт, амволи миллигардонидашуда ба фурӯш гузошта хоҳад шуд. Маблағи аз ҳисоби он ҳосилшуда барои ҳимоят аз "амалиёти махсуси низомӣ" - ҷанги зидди Украина, ки Русия онро чунин меномад - ирсол мегардад. Ин амвол миллиардҳо рубли русӣ арзиш дорад.

Қрим соли 2014 аз сӯи Русия ишғол шуд. Масъалаи ҳамроҳсозии он бо Русия тариқи раъйпурсие сурат гирифт, ки пур аз қонуншиканӣ ва хилофи қонунгузории байнулмилаливу Украина буд.

Украина ва аксар кишварҳои дунё натиҷаҳои он райъпурсиро эътироф накарданд ва то кунун Қримро ҷузъи Украина меҳисобанд.