Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон як касро ба гумони қатли се узви як оила боздошт кардаанд.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон, боздоштшуда сокини 36-солаи вилояти Бодканди он кишвар аст. Дар пайи ин ҳодиса бо моддаи "куштор" парвандаи ҷиноӣ боз шуд.
Расонаҳо менависанд, боздоштшуда маъмури пешини Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон аст.
Ҳодиса шаби 16 ба 17-уми феврали имсол дар минтақаи 5-уми шаҳри Бишкек рух додааст. Як модар бо ду кӯдакаш кушта шуд.