Беш аз 28 ҳазор соҳибкор дар Тоҷикистон корро бас кардаанд. Соҳибкорон санҷиши зиёд ва гаронии андоз (молиёт)-ро аз сабабҳои асосӣ медонанд. Намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ вазъро ба "набудани маърифати молиявӣ" пайванд доданд.
Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, рӯзи 14-уми феврал гуфт: "Дар аксар маврид бисёре аз соҳибкорон ба сабаби надонистани ин ё он қонунгузорӣ, санади меъёриву ҳуқуқӣ, надоштани маърифати молиявӣ муфлис мешаванд. Барои он ки пешакӣ эҳтиёҷ, нархгузорӣ, қадамҳои минбаъда ва хавфҳои бозорро ба инобат намегиранд."
Баҳраи баланди қарзҳои бонкӣ, набудани рақобати солим дар бозор, андоз ё молиёти зиёд аз мушкилоти ҷиддии тиҷорат дар Тоҷикистон номбар мешавад. Дар гузашта созмонҳои байнулмилалии молӣ шароити бади соҳибкориро дар кишвар ошкоро танқид карда буданд.
Раиси Кумитаи сармоягузорӣ таъкид кард, ки соли гузашта аксар соҳибкорон шева ё тарзи кори худро дигар карданд. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, "аз фаъолият бо патент ба шахси ҳуқуқӣ гузаштанд ва дар натиҷа омори соҳибкорони инфиродӣ кам шуд".
Мақомот мегӯянд, имсол ба соҳибкорону сармоягузорон имтиёзҳои зиёд доданд ва санҷиши тоҷирон аз 27 ба 23 адад поин омад. Соҳибкорон мегӯянд, имтиёзҳо чандон сабукӣ надод, "чун пурра риоя ва назорат намешаванд".
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Як соҳибкор дар шаҳри Кӯлоб мегӯяд, баъд аз 15 сол кор бо айби фармоишгарон, аз ҷумла идораҳои давлатӣ, маҷбур аст, корхонаи сафолсозияшро барҳам бидиҳад.
Исмоил Идрисов иддао дорад, ки ҳукумати маҳаллӣ аз ӯ даҳҳо ҳазор сомонӣ қарздор аст. Идораи молияи шаҳр ин иддаоро рад мекунад. Бо вуҷуди наздик шудан ба вартаи муфлисӣ ва қарзи зиёд аз бонк, ӯ ҳар моҳ андоз (молиёт) месупорад.
“Дар давраи раёсати Баҳром Иноятзода, раиси собиқи Кӯлоб, назди дарвозаи шаҳрро дуруст карданд. Ҳамон одам аз мо қарздор шуд. Ҳукумат пули моро надод. Ба чанд ҷо муроҷиат кардем. Ба додситонӣ рафтем. Гуфтанд, масъаларо мебинанд, вале ӯ зиндонӣ шуду масъалаи пули мо ҳалношуда монд,” – афзуд Идрисов.
Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 340 ҳазор кас ба соҳибкорӣ машғуланд. Мақомот мегӯянд, қисме аз ин афрод ба воситаи шаҳодатномаи соҳибкорӣ ва патент кор мекунанд ва боқимонда роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳастанд. Садҳо нафари дигар ба мисли Исмоил Идрисов ба мушкилоти зиёде ғӯтидаву дар фикри бастани тиҷорати худанд.