Муфаттиш мегӯяд, раиси ноҳияи Рашт танҳо чун шоҳид даъват шуда буд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия қазияи боздошти раиси дастгоҳи ноҳияи Рашт ва бозпурсии раиси ҳукумати ин ноҳияро тавзеҳ дод. Хабари бозпурсӣ ва боздошти Раҳимҷон Набизода, раиси ноҳияи Рашт ва раҳбари дастгоҳи ӯ Холмуҳаммад Ортиқов, рӯзи 23-юми январ расонаӣ шуда буд.