Шакли адои ҷазои раиси пешини додгоҳи Хуҷандро тағйир додаанд

Ҳомидҷон Муҳаммадзода чор моҳ пеш ду сол ҳукми зиндон гирифта буд.

Раиси собиқи Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Ҳомидҷон Муҳаммадзода, ки ба ду сол зиндон маҳкум шуда буд, аз маҳбас баромада ба ҳабси сукунатӣ гузаронда шудааст. Дар ин бора Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Додгоҳи олӣ рӯзи 16-уми феврал хабар дод.

Шоҳиён дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, Муҳаммадзода дар гирифтани 1,5 ҳазор доллар гунаҳкор шуд. Раиси Додгоҳи олӣ афзуд, Ҳомидҷон Муҳаммадзода "озод нашудааст, балки аз ҷойи маҳрумӣ аз озодӣ ба муассисаи сукунатӣ гузаронда шудааст. Адои ҷазои ҷиноятӣ идома дорад."

Дар давраи адои ҳабси сукунатӣ маҳкумшуда тақрибан дар озодӣ аст, танҳо барои сафар маҳдудият дорад ва ҳар чанд муддат рафта, худро дар мақомоти дахлдор сабт мекунад.

Ҳомидҷон Муҳаммадзода моҳи ноябри соли гузашта аз сӯи Додгоҳи олӣ ба 2 соли зиндон маҳкум шуда буд. Иттиҳоми гирифтани ришва ё моддаи 319, қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ аз панҷ то даҳ соли ҳабсро пешбинӣ мекунад. Вале Додгоҳи олӣ нисбати Ҳомидҷон Муҳаммадзода ба муҳлати камтар аз тақозои қонун ҷазо таин кард.

Ҳомидҷон Муҳаммадзода, ки аз соли 2021 раиси суди шаҳри Хуҷанд буд, дар моҳи апрели соли гузашта бенишон шуд, вале ниҳодҳои давлатӣ дар борааш иттилое намедоданд. Муҳаммадзода ҳамроҳ бо як додраси дигари Додгоҳи Хуҷанд ва як вакили дифоъ боздошт шуда буд.

Дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад додрас фаъолият мекунанд. Дар даҳ соли охир тақрибан сӣ нафари онҳо барои содир кардани ҷиноят аз мансаб ронда шуданд. Бино бар қонуни асосии Тоҷикистон додгоҳҳо дар кишвар мустақиланд. Аммо ҳомиёни ҳуқуқ бо ишора ба таини додрасҳо аз сӯи президент мустақилияти низоми додгоҳиро зери шубҳа мегузоранд.