Нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон бе эълони расмӣ баргузор шуд ва ба он журналистонро интихобӣ даъват карданд.
Давлаталӣ Саид, раиси тозатаъини вилояти Хатлон худаш дар нишасти матбуотии рӯзи 14-уми феврал иштирок накард.
На танҳо хабарнигори Радиои Озодӣ, балки намояндагони расонаҳои дигар низ ба рӯйхати "меҳмонон"-и раиси вилояти Хатлон шомил набудаанд.
Намояндаи раиси вилоят ба мо гуфт, суоли худро ба воситаи хабарнигорони дигар расонем.
Баҳром Миров, масъули Шуъбаи иттилоотӣ вилоят дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "толор хурд аст ва ҳама журналистон намеғунҷанд, ба ҳамин хотир на ҳамаро даъват карданд."
Барои посух гуфтан ба суоли рӯзноманигорон Амонулло Салимзода, муовини раиси вилояти Хатлон омада буд.
Аҳмади Иброҳим, сардабири нашрияи "Пайк", ки ягона журналисти даъватӣ аз минтақаи Кӯлоб дар нишасти матбуотии раиси вилоят буд, эътироз кард. Ӯ пурсид, ки чаро ҳамкасбони дигарашро ба нишаст даъват нашуданд? Муовини раиси вилоят ба ин суол посух надод.
Сайраҳмон Назриев, хабарнигори вилоятии "Азия-Плюс" пурсид, ки чаро худи раиси вилоят дар ин нишаст ширкат накард?
Амонулло Салимзода, муовини раиси вилояти Хатлон гуфт, "раиси вилоят дар сафари корӣ аст."
Рӯзи 14-уми феврал дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои Давлаталӣ Саид нашр шуд, ки дар ноҳияи Вахш, 18 километр дуртар аз макази вилоят қарор дорад. Дар аксҳои нашршудаи саҳифаи расмии вилоят дар фейсбук дида мешавад, Давлаталӣ Саид дар корхонаву хонаҳои бархе сокинон аст.
Хабарнигорон мегӯянд, ки аз раиси вилоят сар карда, то раисони шаҳру навоҳӣ ва баъзе вазирон роҳи гурез аз суолҳои хабарнигоронро пайдо кардаанд. Худи нишастҳо низ тавре танзим мешаванд, ки вақт ва ҷое барои суолҳои ҷиддӣ намемонад.
Билоли Шамс, хабарнигори маҳаллӣ мегӯяд, хабарнигорони наздик дар бештари вақти ҷудошуда ба таърифу тавсияи раису вазир машғул мешаванд ва ба хабарнигорони озод имкони суол додан намедиҳанд. Ӯ гуфт, вазирону раисон аз "суолҳои сахт" фирор мекунанд, дар нишаст иштирок намекунанд ё ширкат ҳам карданд, бо баҳонае аз суолҳо фирор мекунанд.
Дастрасӣ ба иттилоъ дар Тоҷикистон, ки ҷомеааш баста аст, сахттар шудааст. Аксари хабарнигорон нишастҳои матбуотиро, ки дар сол ду бор баргузор мешаванд, ягона имконияти посух гирифтан ба суолҳояшон медонанд. Вале онҳо на ҳама вақт дар ин нишастҳо ба суолҳои худ посух меёбанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Вазирони тоҷик ҷавоб надоранд ё аз гуфтани ҳақиқат меҳаросанд? ВИДЕО“Бо телефони шахсӣ навор нагиред.” Баҳси раиси Ховалинг бо рӯзноманигорон. ВИДЕОЭътироз ба нишасти 13 мансабдори тоҷик дар як рӯз. "Иззати журналистон иззати 9 миллион аҳолии Тоҷикистон аст" ВИДЕО"Бас", "савол... надиҳед". Вазирону раисони тоҷик дар ним сол як бор "гап" заданд, аммо чӣ гуфтанд? ВИДЕО