Тими миллии футболи Тоҷикистон бо Иморот ва Кувайт бозии дӯстона мекунад

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, дар даҳаи ахири моҳи март ду бозии дӯстона баргузор мекунад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби кишвар 25-уми март дар шаҳри Дубай бо тими миллии Имороти Муттаҳидаи Араб бозии дӯстона анҷом медиҳад. Баъдан 28-уми март тими миллии Тоҷикистон дар шаҳри Ал-Кувайт бо мунтахаби Кувайт рақобат мекунад.

Ин бозиҳои дӯстона барои мунтахаби миллии Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки моҳи январи соли 2024 дар Қатар доир мегардад, маҳсуб мешавад. Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё 24 дастаи беҳтарини қора ширкат хоҳад кард.

Бозиҳои дӯстона

25-уми март (шанбе)

Имороти Муттаҳидаи Араб – Тоҷикистон

Дубай, Имороти Муттаҳидаи Араб

28-уми март (сешанбе)

Кувайт – Тоҷикистон

Ал-Кувайт, Кувайт

Ёдовар мешавем, қаблан бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ва Русия, ки 17-уми ноябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, баргузор шуд, бо ҳисоби 0:0 ба поён расид.