Дар як шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 69 ҳодисаи фаромадани тарма сабт гардидааст, ки 44 ҳолат дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба амал омадааст.
Рӯзи 16- уми феврал дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ 11 тарма ва дар қаламрави ноҳияҳои Нуробод 14 ҳодисаи тармафароӣ сабт шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, бо сабаби ин офати табиӣ ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои Душанбе – Хоруғ, Хоруғ- Ишкошим-Мурғоб ва Душанбе- Чаноқ имконнопазир шудааст.
Корҳо оид ба рафъи оқибатҳои тармафароӣ идома доранд.
Дар як ҳафтаи охир дар пайи фаромадани тарма дар Тоҷикистон 17 нафар дар зери тарма ҷон бохтанд. Аксари қурбониён аз шаҳри Хоруғи Бадахшон буданд.