Раҳбарони Қазоқистон ва Украина -- Қосимҷомарт Тоқаев ва Владимир Зеленский 16-уми феврал бо ташаббуси Киев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон иттилоъ додааст, ки Тоқаев ва Зеленский "робитаҳои башардӯстона"-и ду кишварро баррасӣ карданд.
"Тоқаев бори дигар гуфт, ҷонибдори ҳалли дипломатии низои мусаллаҳона миёни Русия ва Украина дар асоси Оинномаи СММ ва меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад",-омадааст дар иттилоияи расмӣ.
Раҳбарони Қазоқистон ва Украина бори охир моҳи ноябри соли гузашта телефонӣ суҳбат карда буданд. Он замон Зеленский Тоқаевро ба муносибати дубора президенти Қазоқистон интихоб шуданаш табрик кард.