Сеул Куриёи Шимолиро расман "душман" эълом кард

Куриёи Ҷанубӣ дар барномаи нави дифоии худ аз Куриёи Шимолӣ ба ҳайси "душман" ном гирифтааст. Ин дар давоми шаш соли ахир дар пайи сард шудани муносибатҳои ду кишвар бори нахуст аст.

"Куриёи Шимолӣ аз бомбҳои ҳастаии худ даст намекашад ва барои мо таҳдиди доимии низомӣ дорад. Бинобар ин, ҳукумат ва артиши Куриёи Шимолӣ душмани мо аст", - омадааст дар барномаи низомии Куриёи Шимолӣ барои ду соли оянда.

Ҳамчунин гуфта шуда, ки барномаи ҳастаии Куриёи Шимолӣ ва иғвогарии он ба амнияти Куриёи Ҷанубӣ "таҳдиди ҷиддӣ" дорад. Ба гуфтаи мақомоти Сеул, Куриёи Шимолӣ қонунеро қабул кардааст, ки имкон медиҳад, он бо сабабҳои гуногун аз силоҳи ҳастаӣ истифода кунад.

Муаллифони санад афзудаанд, ки президенти Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин моҳи декабри соли гузашта Куриёи Ҷанубиро "душмани бидуни шубҳа" номида буд.

Куриёи Шимолӣ ахиран худро давлати ҳастаӣ эълом кард. Маҷлиси олии мардумии Куриёи Шимолӣ дар ин робита қонунеро бо номи "Сиёсат нисбати аслиҳаи ҳастаӣ" қабул кардааст.

Қонуни нав иҷоза медиҳад, дар сурати ҳамла ба Куриёи Шимолӣ силоҳи ҳастаӣ бе чуну чаро истифода шавад. Куриёи Шимолӣ соли гузашта 17 мушак партоб кардааст.