Владимир Путин ба наздикони фавтидагон дар ВМКБ таслият гуфт

Владимир Путин

Владимир Путин, президенти Русия, ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар робита ба марги 16 сокини вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар зери тарма ҳамдардӣ баён кардааст.

Рӯзи 15-уми феврал тарма чанд хонаро дар шаҳри Хоруғ зер кард. Дар шаҳри Хоруғ ҷасади 14 касро аз зери тарма берун карданд ва ҷустуҷӯи як нафари дигар давом дорад. Ду нафари дигар дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ зери тарма монданд.

Владимир Путин дар номаи худ, ки онро сомонаи Кремл рӯзи 16-уми феврал нашр кардааст, ба наздикону пайвандони қурбониён таслият гуфтааст ва ба маҷрӯҳон шифо хостааст.

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон низ рӯзи гузашта ба пайвандону наздикони нафарони ҳалокшуда таслият гуфта буд.