"Аз гиряи боздоштшудагон лаззат мебурд." Нақли бонувони тазоҳургар дар Эрон

Тазоҳурот дар Эрон аз тирамоҳи соли гузашта оғоз шуд.

Чанде аз бонувони тазоҳургар, ки дар ҷараёни саркӯби тазоҳургарони зиддиҳукуматӣ дар Эрон дастгир шуданд, бо Радиои Фардо дар бораи ранҷу азобе, ки кашидаанд, суҳбат карданд. Онҳо қисса карданд, ки чӣ гуна маъмурони амниятӣ дар боздоштгоҳ онҳоро латукӯб кардаву озор медоданд.

Баъди чанд рӯзи тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар саросари Эрон, Парвона ба яке аз раҳпаймоиҳо дар пойтахт, дар шаҳри Теҳрон пайваст. Аммо баъди фурсати кутоҳ аз тарафи маъмурони амниятие дастгир шуд, ки худро тазоҳургар вонамуд мекарданд. Билофосила чашмонашро бастанд ва ба дохили мусофирбари хурде андохтанд, ки онҷо се тазоҳургари дигарро нигаҳ медоштанд. Ӯ лаҳзаи боздошташро ба Радиои Озодӣ чунин нақл кард: “Ман намедонистам, чанд нафар буданд. Маро кашон-кашон бурданд, чиғ кашидам (фарёд кашидам), даҳонамро баст.”

Парвона дар байни тақрибан 20 000 нафар буд, ки дар ҷараёни саркӯби бераҳмонаи тазоҳуроти зидддиҳукуматӣ дар Эрон дастгир шуд. Бисёре аз онҳоро дар ивази васиқа раҳо кардаанд. Теъдоди номаълуме аз тазоҳургарон чанде пеш баъди эълони афв аз тарафи Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон раҳо шуданд.

Эрониён дар берун аз Эрон низ эътироз карданд.

Дар ҷараёни тазоҳурот, ки баъди марги Маҳсо Аминии 22-сола дар идораи пулиси ахлоқ сар зад, камаш 500 нафар кушта шуданд.

Парвона ва дигар бонувони тазоҳургар, ки бо Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ суҳбат карданд, бадрафториву зулми маъмурони амниятӣ ва кормандони ҳукуматиро ба ёд оварданд. Онҳо тасвир карданд, ки чӣ гуна латукӯб шуданд ва озору азияти равонӣ ва ҷисмонӣ кашиданд.

Мусоҳибони Радиои Озодӣ аз тарси ниқору таъқиб нахостанд, то насабашон ифшо шавад. Маълум нест, ки онҳоро барои муддати кутоҳе дастгир карданд ва ё дар ивази васиқа озод шудаанд.

Парвона мегӯяд, худаш латукӯб нашудааст ва муфаттишон ӯро ба он муттаҳам мекарданд, ки гӯё яке аз раҳбарони тазоҳургарон будааст. Парвона афзуд: “Ман лидер набудам, худам танҳо ба тазоҳурот рафтам. Ӯ мехост, ҳамин тавр зӯрӣ ва ваҳшат эҷод кунад. Фикр мекунам, медид, ки бачаҳо тарсидаанд ва гиря мекунанд, лаззат мебурд.”

Дар ҷараёни бозпурсӣ аз Парвона пурсидаанд, ки бо кӣ тамос дошт ва чаро ба тазоҳурот пайваст: “Муфаттиш суолҳоеро аз як феҳрасте, ки дошт мехонд, аз ҷумла ин ки бо низом чӣ мушкил дорӣ.” Ба қавли Парвона, телефони ҳамроҳашро гирифтанд, тафтиш карданд ва ончиро, ки ҳассос мешумориданд, пок карданд.

“Мо нафас гирифта наметавонистем”

Шабнам аз маҳалли кораш ба хона бармегашт, ки чанд маъмури амниятиро дид, як наврасеро бо зӯрӣ дастгир мекунанд. Вақте бо чанд раҳгузари дигар хостаанд, дахолат кунанд, ҷавоби бераҳмонае гирифтаанд.

Шабнами 24-сола мегӯяд: “Либосшахсиҳо, (маъмурони амниятӣ) ба ман ҳамла карданд. Ман муқовимат карда наметавонистам, чун маро муҳосира карда буданд. Бо калтак ва мушт чанд бор заданд, ба замин афтодам. Маро ба мусофирбаре бурданд, дастонамро аз пушт бастанд, шоламро ба рӯям андохтанд, ки маълум набошад.”

Эътирози занони эронӣ дар Канада

Ба қавли ӯ, 14 нафарро дар дохили мусофирбар андохта буданд. Шабнам дар идомаи суҳбаташ гуфт: “Мусофирбар ба қадре пур буд, ки ман ҷойи нишастан наёфтам” ва маъмури амниятӣ дарро ҳам баста наметавонист. “Мо дуруст нафас гирифта наметавонистем. Ду зан ба онҳо гуфтанд, ки мушкили сиҳатӣ доранд, вале мушт хӯрданд.”

Соро: “Яке сарӯ рӯяш сиёҳ буд, дигарӣ роҳ рафта наметавонист”

Соро яке дигар аз бонувони боздоштшуда аст, ки бо Радиои Фардо суҳбат кард. Мегӯяд, ки маъмурони интизомӣ ӯро ба як идораи пулис дар Теҳрон бурданд ва боздошт карданд. Соро гуфт, ки ду зани сахт латукӯбшударо онҷо дид, ки яке тамоми сарӯ рӯяш сиёҳу кабуд буд, дигариро дар аробаи маъюбӣ шинонда буданд, чун роҳ рафта наметавонист.

Мақомоти Эронро ба он муттаҳам мекунанд, ки дар ҷараёни тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ ҳуқуқи мардумро бераҳмона зери по кардаанд. Аз ҷумла, боздоштшудагонро азоб додаанд, ба зидди тазоҳургарон аз аслиҳа истифода бурда, баъзеро бе муҳокима ва худсарона куштаанд. Теъдодеро ҳам таҳти азобу шиканҷа водор кардаанд, гуноҳи нокардаро ба гардан бигиранд.

Тазоҳурот дар Эрон моҳи сентябри соли гузашта ва баъди он сар зад, ки маъмурони пулиси ахлоқ, Маҳсо Аминӣ як духтари ҷавонро бо иттиҳоми нодуруст пӯшидани ҳиҷоб дастгир карданд ва чанд соат баъд ҷасади ӯро ба хешовандонаш супурданд.

Мақомот се рӯз баъд гуфтанд, ки Маҳсо бар асари сактаи қалбӣ ҷон додааст, вале хешовандонаш ин иддаоро беасос хондаанд. Тазоҳурот аввал ба зидди бераҳмии пулис ва ҳиҷоб буд, ки пӯшидани он дар Эрон ҳатмист. Вале баъдан ба як тазоҳуроти азими саросарии зиддиҳукуматие табдил шуд, ки руҳониёни ҳоким дар Эрон дар даҳсолаҳои гузашта ба он дучор наомада буданд. Тазоҳургарон мехостанд, ба ҳукумати рӯҳониён дар Эрон поён дода шавад ва мардум аз ҳуқуқу озодиҳои бунёдии худ баҳраманд бошанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Раиси ҷумҳури Эрон нахустин бор ба Чин сафар мекунадРаисӣ иддао кард, ки эътирози зиддиҳукуматӣ "шикаст хӯрдааст"Расонаҳои Эрон мегӯянд, Хоманаӣ даҳҳо ҳазор зиндониро афв кардаастФилмсози эронӣ Ҷаъфар Паноҳӣ бо васиқа ба озодӣ баромад