Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури Эрон нахустин бор ба Чин сафар мекунад


IRAN-NUCLEAR/USA
IRAN-NUCLEAR/USA

Расонаҳои давлатии Эрон мегӯянд, раиси ҷумҳур Иброҳим Раисӣ рӯзи 13-уми феврал ба Чин сафар мекунад.

Ҳадаф аз сафари серӯза ба гуфтаи онҳо, тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ байни ду кишвар аст. Хабаргузории давлатии ИРНА навиштааст, ки Иброҳим Раисӣ бо даъвати расмии Шӣ Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин ба Пекин сафар мекунад.

Ду раҳбар аввалин бор моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Самарқанд дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мулоқот карданд, ки дар онҷо Раисӣ хостори густариши ҳамкориҳо шуд.

XS
SM
MD
LG