Як хабарнигор баъди навиштан дар бораи дороиҳои наздикони Тоқаев зиндонӣ шуд

Ба ҷонибдорӣ аз рӯзноманигори қазоқистонӣ Махамбет Абжан, ки ахиран 9 сол зиндонӣ гашт, 15 феврал дар шаҳри Остона тазоҳуроти инфиродӣ баргузор карда шуд.

Ин тазоҳуротро бародари рӯзноманигор Мақсад Абжанов бо иҷозати мақомот дар кӯчаи Мангилики Остона баргузор кард ва дар даст лавҳаеро бо даъвати раҳоии рӯзноманигорони дигари зиндонии Қазоқистон дошт.

Гулзира Дусембоева, ҳамсари Махамбет ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, Абжанов тасмим гирифтааст, ки давоми 15 рӯзи оянда бо талаби раҳоии бародараш тазоҳуроти инфиродӣ баргузор кунад.

"Ҳадафи мо ин аст, ки мардум ва хидматчиёни давлатӣ огаҳ шаванд. Мо талаб мекунем, ки Махамбет Абжан ва рӯзноманигорони дигари мустақил озод карда шаванд. Мо то охир мубориза хоҳем бурд", - гуфт ӯ.

Абжан, ки дар "паҳнсозии иттилои бардурӯғ" ва "тамаъҷӯӣ" айбдор мешуд, ахиран 9 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Махамбет Абжан 3 июли соли 2022 боздошт шуда буд. Мақомот гуфтанд, ӯро ҳангоми гирифтани маблағ аз як соҳибкор боздошт карданд. Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, Абжан ба соҳибкор ваъда кардааст, ки дар ивази маблағ нисбати вай матлаби танқидӣ нашр нахоҳад кард. Абжан тавассути вакили мудофеаш ин айбро рад кард.

Абжан чанд рӯз пеш аз боздошташ дар бораи дороиҳои наздикони президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев гузориш таҳия карда буд.