Фаъоли русро барои "бадном кардани артиш" 6 сол зиндонӣ карданд

Мария Пономаренко

Додгоҳе дар Русия журналист Мария Пономаренкоро бо иттиҳоми бадном кардани қувваҳои мусаллаҳи ин кишвар дар як навиштааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки он ҷо бомбаборони театреро дар Украина дар соли 2022 интиқод мекард, ба шаш соли зиндон маҳкум кард.

Пономаренко яке аз чанд журналисту дигарандешест, ки ба қавли мақомот, барои бадном кардани артиш дар ҷангаш дар Украина муҷозот мешавад. Дмитрий Шитов, вакили дифои Пономаренко гуфт, ки бо ҳукми рӯзи 15-уми феврал додгоҳе дар Барнаул зерҳимояашро ба мӯҳлати панҷ сол аз ҳақи кор дар расонаҳо маҳрум кард.

Дар сухани ниҳоиаш дар додгоҳ Пономаренко худро бори дигар бегуноҳ номид ва гуфт: “Патриотизм ин маънои муҳаббат ба ватанро дорад. Муҳаббат ба ватан набояд шиори ташвиқ ба содир кардани ҷиноят бошад. Фасод ҷиноят аст. Ҳамла ба ҳамсоя ҷиноят аст”.

Ӯ афзуд, “дар қатли бародарон ҳеҷ касе пирӯз шуда наметавонад, бовар кунед... ман украиниҳоро аз русҳо ҷудо намекунам. Ман барои ҳар қатра хуни бегуноҳ рехташуда изҳори таассуф мекунам. Ҳеҷ як режими тоталитарӣ дар остонаи фурӯпошиаш ингуна қавӣ набуд.”

Пономаренко баъди нашри як навиштаҷоташ дар моҳи апрели порсол дар бораи ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини русӣ болои театри шаҳри Мариупол боздошт шуд. Ин замоне буд, ки дар дохили театр беш аз ҳазор мулкӣ сарпаноҳ ёфта буданд. Мақомоти украинӣ гуфтанд, ки то 300 нафар кушта шуд. Як таҳқиқи Ассошиэйтед Пресс маълум кард, ки он вақт наздики 600 кас кушта шуд. Низомиёни рус ҳамла ба театрро рад карданд.

Пономаренко - модари ду кӯдак, гуфт, ки замони дар боздошт буданаш бо фишорҳои равонӣ рӯбарӯ шуд.