Русия аз пешравӣ ва Украина аз даргирии сахт хабар дод

Русия ҳамла дар Луҳанскро афзоиш додааст.

Русия иддао кард, ки бархе ҳалқаҳои дифоии украиниҳоро дар вилояти шарқии Луҳанск рахна кардааст, дар ҳоле, ки нирӯҳои украинӣ гуфтанд, ки ба чандин ҳамла муқовимат нишон доданд, вале вазъият мушкил боқӣ мемонад.

Задухӯрдҳои афзояндаи рӯзи 15-уми феврал дар ҳолест, ки украиниҳо аз ҳампаймонҳои ғарбиашон ваъда гирифтанд, ки захираҳои аслиҳаро афзоиш медиҳанд ва вазирони дифои НАТО ҳам рӯзи дуюм аст, ки барои баррасии ин мавзӯъ ҷамъ шудаанд.

Ин ҳама дар ҳолест, ки муқовиматҳои нави русҳо дар минтақаи Донбас афзоиш меёбанд ва бо ёрии артиш ва ҳам сарбозони кироя талош доранд, дар ишғоли шаҳри Бахмути Донетск пешрафт кунанд.

Ситоди кулли Украина рӯзи 15-уми феврал гуфт, ки тамаркузи нирӯҳои ин кишвар на танҳо ба Бахмут, балки ҳамчунин ба Лиман, Авдеевка ва Купянск равона шудааст.

Вазорати дифои Русия рӯзи 15-уми феврал иддао кард, ки ду хати ҷангро рахна кардаанд, вале дақиқ нагуфт, ки куҷоро дар назар доранд. Дар изҳороти вазорати дифои Русия омадааст: “Ҳатто хатти дуюми қавитари дифоии душман натавонист пеши роҳи низомиёни русро бигирад”.

Дар фурсати кӯтоҳе баъди ин дафтари президенти Украина Владимир Зеленский бо нашри изҳороте гуфт, ки нирӯҳои украинӣ ба чанд ҳамла дар Луҳанск посух дод, вале вазъият мушкил боқӣ мемонад.

Серҳий Ҳайдай, раиси маъмурияти низомии минтақаи Луҳанск гуфт, ки Русия ба минтақа нирӯ ва таҷҳизот ворид мекунад. Ӯ дар як изҳороташ тавассути Телеграм канал гуфт, “оташи зиёд бо истифода аз ҳавопаймоҳо мушоҳида мешавад. Ҳамлаҳо аз чандин самт дида мешавад.” Ӯ афзуд, “мебинем, ки онҳо сафарбаршудаҳоро интиқол медиҳанд. Мебинем, ки таҷҳизот бештар аст.”

Дар паёми шабонгоҳии худ шоми 14-уми феврал Зеленский ҳушдор дод, ки Русия талош дорад, пеш аз расидани силоҳи бештар аз Ғарб ҳуҷумро вусъат бахшад.

Дар ҳамин ҳол вазирони дифои узви НАТО талош доранд, нигарониҳои вобаста ба таъминоти силоҳро дар Украина бартараф кунанд. Айни замон, НАТО ҳанӯз ҳам ба дархости Украина дар бораи ирсоли ҳавопаймоҳои ҷангӣ посухи мусбат надодааст. Ллойд Остин, вазири дифои ИМА дар нишасти матбуотиаш дар Брюссел рӯзи 15-уми феврал талош кард, нирӯҳои украиниро бештар ташвиқ кунад. Ӯ гуфт: “Русия ҳамоно шумори зиёди мардуми ноозмударо ба ҷанг мефиристад, ки дуруст машқ накардаанду таъминоташон ҳам заъиф аст ва ҳамин чиз боиси афзоиши талафоти онҳо мешавад”. Ӯ афзуд: “Ба фикри ман, украиниҳо ҳоло шонси хубе барои бартарӣ ёфтан дар майдони ҷанг ва ба даст овардани ташаббусро доранд.”

Рӯзе аз ин пеш генерал Марк Милли, сардори ситоди муштараки ИМА гуфт, ки шумори кишварҳое, ки омодаи ба Украина фиристодани тонк шуданд, то 11 адад афзуд; 22 кишвар омода аст зиреҳпӯш фиристад, 16 кишвар силоҳу муҳимоти дигар, нӯҳ кишвар гуфт, ки системаҳои дифои мушакӣ медиҳад.

Русия як сол пеш ба Украина бесабаб ҳамла кард. Дар ин ҷанг ҳазорон нафар куштаву миллионҳо нафар бехона шуданд.