Отамбоев барои табобат ба Испания рафт

Алмосбек Отамбоев, президенти пешини Қирғизистон.

Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рӯзи 15-уми феврал барои табобат ба Испания рафт. Дар ин бора Асел Кодуранова, вакили пешини порлумон хабар дод.

Кодуранова гуфт, Отамбоев баъди муолиҷа ба Қирғизистон бармегардад. "Ҳоло намедонем, ки чанд муддат вай дар Испания хоҳад монд, зеро дар 3,5 соли зиндон вазъи сиҳатии вай бад шудааст. Эҳтимоли зиёд мавҷуд аст, ки ӯро ҷарроҳӣ кунанд. Аммо вай ҳатман ба Қирғизистон бармегардад", - афзуд Кодуранова.

Пештар аз ин додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон ба президенти пешини он кишвар Алмосбек Отамбоев иҷоза дода буд, ки барои табобат ба хориҷ аз кишвар равад.

Додгоҳ рӯзи 14 феврал дар як ҷаласаи пӯшида тасмим гирифт, ки парвандаи Отамбоев ба баррасии дубора фиристода шавад. Отамбоев ҳамчунин рӯзи 14 феврал аз зиндон озод шуд.

Додгоҳ ҳамчунин хабар дод, ки қарори Додгоҳи олии Қирғизистон аз 12 октябри соли 2021 ва 5 марти соли 2022 дар бораи Отамбоев бекор шудааст.

Отамбоев солҳои 2011-2017 президенти Қирғизистон буд. Вай моҳи июни соли 2020 дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев ба 10 соли зиндон маҳкум шуд. 30 ноябри соли 2020 Додгоҳ олии Қирғизистон ҳукми зинаҳои поёниро бекор ва парвандаро ба баррасии иловагӣ фиристод.

Нисбати Отамбоев чанд парвандаи дигар, аз ҷумла ташкили бетартибиҳои оммавӣ, хушунат нисбати корманди мақомоти давлатӣ, фасодкорӣ ва ғайра кушода шудааст.