Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар робита ба қазияи марги Абдуқаҳҳор Розиқов се корманди милиса боздошт ва "чанд нафари дигар аз мақомот озод шудаанд."
Абдуқаҳҳор Розиқови 37-сола ва соҳиби ду фарзанд шаби 2-юми январ аз тарафи маъмурони милиса дастгир ва дар шароити мармуз ҷон дода буд.
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 15-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, се корманди милиса барои хунукназарӣ ҳангоми боздошти Абдуқаҳҳор Розиқов боздошт шудаанд ва чанд нафари дигар ҳам аз кор ронда шуданд. Вазир мушаххасан нагуфт, ки дар робита ба қазияи Розиқов чанд нафарро аз кор озод кардаанд.
Ба гуфтаи вазир, ҳодисаи мазкур зери назорати муовини аввали ӯ Абдураҳмон Аламшозода аст.
Абдуқаҳҳор Розиқов ба иттиҳоми даст доштан дар фурӯши маводи мухаддир шаби 2-юми январ дар Кӯлоб боздошт шуд ва дар шароити мармуз даргузашт. Марги ӯ эътирози наздиконашро ба миён овард, чун онҳо мегӯянд, Розиқов дар зери шиканҷа ҷон додааст.
Вазорати корҳои дохилӣ дар эъломияе гуфт, ӯ бар асари истеъмоли зиёди амфетамин даргузашт. Додситонии минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ҳанӯз тафтиш сабаби марги ӯро маълум накардааст.
Баҳодур Ҷӯрахон, додситони минтақаи Кӯлоб рӯзи 1-уми феврал гуфт, дар пайванд ба ҳодиса, ки дар аввали моҳи январи имсол боис ба эътирози даҳҳо нафар шуд, се маъмури милиса ба "бесалоҳиятӣ" муттаҳаманд. Як милиса дар боздошт аст. Ду нафари дигар то анҷоми тафтиш ба шарти берун нашудан аз ҷойи зист озод шудаанд.
Боздошт ва марги Абдуқаҳҳор Розиқов дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдро ба миён овард.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Шиканҷа ва марги мармуз. "Милисаи ман маро ҳимоя мекунад ё баръакс?""Хешу табор даромаданд, ҷасадро диданду тарсиданд" ВИДЕОТаҷаммӯи даҳҳо нафар дар назди ҳукумати Кӯлоб