Дар як соли гузашта ба Тоҷикистон 767 мошини барқӣ ё "электромобил" ворид шудааст. Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфт, маблағи ин теъдод мошинҳои воридшуда қариб 18 миллион доллар будааст. Аммо масъулини ин хадамот нагуфтанд, ки ин мошинхо аз кадом кишварҳо ворид шудааст.
Гуфта мешавад аксари мошинҳои барқие, ки аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид шудаанд, ба ширкати "Як таксӣ" рост меоянд. Баъзе ронандаҳо ва кормандони ширкат, гуфтанд, 3 нуқтаи таъминоти барқро барои мошинҳои барқӣ ташкил намудаанд. Ҳар кадоме аз чунин нуқтаҳо ҳамзамон ду мошинро тӯли 40 дақиқа то як соат бо барқ пур мекунад.
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҳоло Барномаи рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023-2027-ро рӯи даст дорад, ки мехоҳад онро ба баррасии ҳукумат ирсол намояд. Ҷузъиёти ин барнома маълум нест ва ҳамчунин маълум нест, ки он то куҷо бо муваффақият иҷро мешавад.
Бар асоси маълумоти Вазорати нақлиёт ва Хадамоти гумрук, воридоти мошинҳои барқӣ аз боҷӣ гумрукӣ озоданд.