Тоҷикистон ба Ҷазираҳои Вирҷиния ба 16,2 млн доллар маҳсулот фиристодааст

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Оҷонсии омори Тоҷикистон.

Соли гузашта Тоҷикистон ба Ҷазираҳои Вирҷиния дар ҳаҷми 16,2 миллион доллар маҳсулот содир кардааст. Ҷазираҳои Вирҷиния як минтақаи офшорӣ аст, ки баъзе аз ширкатҳои тоҷикистонӣ, аз қабили IRS, дар онҷо сабти ном шудаанд.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Оҷонсии омор 14-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, аз Тоҷикистон ба Ҷазираҳои Вирҷиния асосан маҳсулоти кишоварзӣ ва коркарди саноатӣ содир шудааст.

Нурмуҳаммадзода аз содироти маҳсулот ба Ҷазираҳои Вирҷин тавсиф карда гуфт, "содирот васеъ шуда истодааст ва бозор ёфтанамон даркор".

Сабаби дигари содироти маҳсулот ба Ҷазираҳои Вирҷиния ба гуфтаи роҳбари Оҷонсии омор, имтиёзҳо дар инҷо аст.

Ин яке аз аввалин мавридҳое аст, ки мақомот аз содироти маҳсулот ба Ҷазираҳои Вирҷиния хабар медиҳанд. Номи ин минтақа дар Тоҷикистон бештар ба фаъолияти ширкати IRS маъруф аст.

Ин ширкат, ки масъули роҳи Душанбе-Чаноқ буда, барои ин аз ронандагон маблағ мегирад, дар Ҷазираҳои Вирҷиния сабти ном шудааст. Аммо бо гузашти 13 соли фаъолият дар Тоҷикистон номи молики он махфӣ аст.