Додгоҳи шаҳри Толдиқурғони Қазоқистон панҷ корманди пулисро барои шиканҷаи гумонбарон дар "ҳодисаҳои январӣ"-и ин кишвар аз 3 то 4 сол зиндонӣ кард.
Бахши қазоқии Радиои Озодӣ иттилоъ додааст, ки маъмурони пулис дар шиканҷаи 23 гумонбар айбдор дониста шудаанд.
Айдин Кенжебоев ва Жанбакит Нуртазо чорсолӣ, Сапарамурат Токташ 3,5 сол, Ермеу Жумашев ва Алмос Боканов сесолӣ аз озодӣ маҳрум гаштанд. Онҳо ҳамчунин ба муҳлати се сол ҳақ надоранд, дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кор кунанд.
Қаблан Додситонии кулли Қазоқистон гуфта буд, 9 маъмури интизомиро бо гумони истифодаи усулҳои ғайри қобили қабули тафтишотӣ, аз ҷумла шиканҷаи боздоштшудаҳо бо дарзмол дастгир кардааст.
Ин ниҳод моҳи феврали соли гузашта хабар дода буд, ки дар робита ба ҳодисаҳои моҳи январи Қазоқистон 363 шикоят оид ба "усулҳои ғайри қобили қабули тафтишот" ва шиканҷаи боздоштшудаҳо ворид гардидааст.
Дар ҳодисаҳои моҳи январ ҳазорон кас дар Қазоқистон боздошт ва садҳо тан бо гумони "терроризм", "иштирок дар беназмиҳои оммавӣ", "дуздии аслиҳа" ва дигар ҷиноятҳо ба ҳабс гирифта шуданд. Бисёрии боздоштшудҳо аз шиканҷа шудан дар мақомоти интизомии он кишвар хабар медиҳанд.