Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, поин омадани қимати маводи сӯхт аз ҷумла газу бензин ба қимати роҳкиро ва нархномаҳои мусофиркашонӣ таъсир надорад.
Дар гузашта қимат шудани сӯзишворӣ сабаби боло рафтани роҳкиро номида мешуд. Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта дар нишасти хабарӣ дар Душанбе дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт ҳеҷ зарурате ба бозбинии “нархномаи ҳамлу нақл” вуҷуд надорад, зеро: “агар нархи сузишворӣ паст ҳам шуда бошад, аммо нархи қисмҳои эҳтиётӣ, равғанҳо ва дигар хароҷоте, ки хадамоти нақлиётӣ доранд, каме боло рафтааст. Инҷо дар маҷмуъ дидан даркор аст, ки танҳо як нархи сузишворӣ не, паҳлуи дигари масъала ҳаст. Яъне фоидае, ки ба онҳо мемонанд 10 то 15 фоизро ташкил мекунанд”.
Мақомот дар ҳоле аз набуди имкон барои поин бурдани “нархи ҳамлу нақл” суҳбат мекунанд, ки бо таваҷҷуҳ ба коҳиши чашмраси нархи сузишворӣ, аз ҷумла гази моеъ, сокинон аз бетағйир мондани нархи роҳкиро нигаронӣ мекунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳотам Қодиров, сокини шаҳри Кӯлоб мегуяд, бо вуҷуди он ки нархи як литр гази моеъ аз 9 сомонии қаблӣ то 3 сомоню 50 дирам арзон шуд, нархи роҳкиро тағйир наёфтааст: «арзон шавад беҳтар аст. Газ арзон шуд, лекин ҷойи кори ман дар минтақаи Ғарм аст, мебинам, ки ҳамон нарх, иваз нашудааст».
Бори охир нархи роҳкирои нақлиётҳои ҷамъиятӣ тобистони соли 2021 боло рафт. Он замон нархи гази моеъ 6,5 сомонӣ, арзиши як литр бензин 8,5 ва сӯзишвории дизелӣ 9,5 сомонӣ буд. Ҳоло баҳои як литр гази моеъ ба 3 сомониву 40 дирам поин омадааст, ки аксари мусофиркашҳо дар Тоҷикистон бо навъи сузишворӣ ҳаракат мекунанд.
Абдулмаҷид Муминзод, раҳбари Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, ниҳоди танзимкунандаи нарх дар бозор мегӯяд, азбаски дар пойтахти Тоҷикистон аксари нақлиёти ҷамъиятӣ дигар навъи маводи сухтро истифода мекунанд, тағйири қимат ба онҳо таъсири чандоне накардааст.
Ӯ гуфт: “Агар мо таҳлил кунем, барои мисол воситаҳои нақлиётии ҷамъияте, ки барои аҳолии шаҳри Душанбе хизмат мерасонанд, аксари онҳо бо сузишвории дизелӣ (солярка) фаъолият мекунанд. Имрӯз арзиши сӯзишвории дизелӣ поин нашудааст. Дар матбуот мехонем, ки барои чӣ нархи таксиҳои Душанбе-Қурғонтеппа, Душанбе-Бохтар ё Душанбе -Кулоб 50 то 60 сомонӣ аст. Асосан арзу шикоятҳо аз ҷониби мусофирбарҳои хусусӣ аст."
Саидэҳсони Ҷалолиён, журналисти тоҷик гуфт, агар баҳонаи поин нашудани нархи роҳкиро дар нақлиётҳои ҷамъиятии пойтахт сӯзишвории дизелӣ бошад, аммо баҳонаи роҳкирои шаҳру ноҳияҳо чӣ ҳаст.
Ӯ афзуд: “Аксари таксиҳое, ки ба минтақаҳои дур мераванд, бо гази моеъ фаъолият мекунанд. Барои мисол, таксиҳои Кулоб рӯзҳои барфӣ якбора арзиши роҳкироро гарон карданд, ҳатто то 200 сомонӣ боло рафт. Дар ҳоле, ки нархи газ он рӯзҳо то 3,5 сомонӣ буд. Ин аз назорат накардан аст. Агар воқеан ҳам назорат шавад, набояд нарх ба ин ҳад боло равад."
Мусофирон мегӯянд, дар ҳама ҳолат боло рафтани роҳкиро ба буҷаи ноустувори хонаводаҳо зарба мезанад. Бархе дигар бар инанд, ки бо вуҷуди боло рафтани нархи роҳкиро чорае ҷуз истифода аз нақлиёти ҷамъиятиро надоранд.
Тоҷикистон ба далели надоштани имконоти коркарди нафт, маҳсулоти нафтиро аз хориҷ ва асосан аз Русияву Қазоқистон мегирад. Ба иттилои расмӣ, соли 2022 ба кишвар, 396 ҳазор тона гази моеъ, 320 ҳазор тонна бензин ва 387 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ овардаанд.