Мардуми хашмгин дар Покистон як мардро куштанд

Покистон. Акс аз бойгонӣ

Покистон. Акс аз бойгонӣ

Издиҳоми хашмгин дар вилояти Панҷоби Покистон ба идораи пулис ҳамла карда, дар онҷо як мардро куштаанд.

Ӯ ба тавҳини Қуръон, китоби муқаддаси мусалмонон, гумонзад буд.

Ҳодиса 11-уми феврал рӯй дод.

Шаҳбоз Шариф, сарвазири Покистон, дастур додааст, ки қазияро бисанҷанд.

Ҳофиз Тоҳир Ашрафӣ, донишманд ва раиси Шӯрои уламои Покистон, гуфт, "онҳое, ки дар куштор даст доранд, бояд боздошт шаванд."

Ҳамлаи мардуми хашмгин ба шахсони муттаҳам ба куфргӯйӣ дар Покистон ҳамвора рӯй медиҳад.

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) дар гузорише дар аввали имсол гуфт, ҳукумати Покистон натавонист, ин муқарраротро, ки баҳонае ба зидди ақаллиятҳои мазҳабист, ислоҳ ё бекор кунад.